Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Ташвиқу тарғиби ҳуқуқ тавассути воситаҳои ахбори омма яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, такмили ихтисос барои баланд бардоштани малакаи касбии журналистон ва омода намудани мутахассисон ҷиҳати таҳияи барномаҳои ҳуқуқӣ хеле муҳим аст.

Бо назардошти ин, ҷиҳати амалисозии банди 14 Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024, ки ташкил ва баргузор намудани курсҳои омӯзишии ҳуқуқӣ барои кормандони воситаҳои ахбори оммаро пешбинӣ менамояд ва мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар баробари Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҳамиҷрочии ин банд мебошад, корҳои муайян ба роҳ монда шудаанд.

Аз ҷумла, аз 27 май то 7 июн соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои журналистони самти ҳуқуқ ташкил карда шуд.

Дар курси такмили ихтисос 13 нафар кормандони телевизион, радио ва матбуоти даврӣ, аз ҷумла: телевизиони “Ҷаҳоннамо”, телевизиони “Душанбе”, телевизиони “Сайёҳӣ”, радиои “Тоҷикистон”, радиои “Садои Душанбе”, радиои “Фарҳанг”, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, “Телерадиоком” ва Академияи ВАО, иштирок намуданд.

Барои иштирокчиёни курси такмили ихтисос Н.Сафарзода – мудири кафедраи байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ ва С.Қодирӣ – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон машғулият гузарониданд.

Зимни баргузории курси такмили ихтисос паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқ, аз ҷумла механизмҳои миллӣ ва байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, мавзуъҳои асосӣ барои таҳияи барномаҳо дар ин самт, нақш ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми мақомоти шартномавӣ ва оинномавии СММ, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон, барномаҳои фарогири давлатӣ дар самти ҳуқуқ, амалисозии муваффақонаи раванди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва мавзуҳои дигар омӯзонида шуданд.

Ҳамчунин ҷиҳати таҳияи барномаҳои алоҳида вобаста ба мавзуъҳои асосии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла: камбизоатӣ, ҷанг ва терроризм, баробарии гендерӣ, ҷаҳонишавӣ, шаҳрвандӣ ва иштирок, демократия, кӯдакон, табъиз ва таҳаммулнопазирӣ, саломатӣ, маъюбият, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳанг ва варзиш, муҳоҷират, сулҳ ва зӯроварӣ, таҳсилот, муҳити зист, ҳуқуқҳои умумии инсон, дин ва эътиқод, меҳнат ва ВАО маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин дар доираи курси такмили ихтисос барои таҳкими дониши журналистон маводҳои иттилоотии таҳиянамудаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба китобхонаи Академияи ВАО дастрас карда шуд.

 

    Хадамоти матбуоти ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор