Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Чорабиниии иттилоотонӣ оид ба риояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

Санаи 14 июни соли 2024 дар асоси фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати иҷрои банди 120 Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2024 кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон Солеҳзода З. – сардори шуъба, муовини сардори шуъба Расулзода Ҳ. ва мутахассиси пешбари шуъба Сафаров Б. барои гузаронидани  семинар-машварат оид ба риояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба шаҳри Бохтар сафарбар шуданд.

Чорабиниии иттилоотонии семинар–машварат дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ш. Бохтар бо иштироки муовини раиси ш. Бохтар – Қурбонзода Наргис ва кормандони масъули самти иқтисодию иҷтимоии МИҲД-и шаҳри Бохтар, намояндаи бонкҳо ва ассосиатсияҳои соҳибкорон, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар сокинону аҳолии шаҳр ва ҷамоату деҳоти наздик дар маҷмуъ дар ҳайати зиёда аз 30 нафар иштирокчиён гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур бо суханони ифтитоҳии аз ҷониби муовини раиси шаҳр Қурбонзода Наргис оғоз гардида, баъдан аз ҷониби кормандони шуъба вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, таъсиси ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои  молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсаду вазифаҳои таъсис ва самтҳои фаъолияти шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён маърӯза ва маълумотҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.

 

Дар фарҷом, аз ҷониби маърӯзачиён ва иштирокдорон масъалаҳои марбута мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта, доир ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушахас дода шуд.

Ҳамчунин таклифу тавсияҳои пешниҳодгардида, масалан оид ба дастгири ёфтани соҳибкорон ва коркарди имтиёзҳои иловагӣ ба соҳибкорон ҷиҳати рушди бемайлони самти мазкур, кам кардани фоизи қарзии бонкҳо барои соҳибкорон, пешниҳоди қарзи дарозмуддати имтиёзнок ва монанди инҳо ба қайд гирифта шуда, таклифу тавсияҳо ҷавобҳои дахлдор ба иштирокчиён дода шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор