Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мақомоти

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Санаи 26 июни соли 2024 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии идона сараввал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди ҷумҳурии азизамонро бо рӯзи сулҳу сафо - Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод намуданд.

Зимни суханронӣ У. Бобозода аз саъю талошҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмин ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар ватани азизамон ёдовар шуданд.

Дар мизи мудаввар сармутахассиси шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилӣ Сафаргули Шамсулло дар мавзӯиПешравии давлату миллат аз пойдории Ваҳдат аст” ва сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҳасан Мирзоев дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» маърӯза намуда, иброз доштанд, ки барои давлатҳои миллӣ Ваҳдати миллӣ рукни асосии нигоҳдошти онҳо маҳсуб меёбад ва агар кишвар ба ин арзиш эҳтиром нагузорад, шикасти  он ногузир аст.

Инчунин, қайд гардид, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун омили созандаю таҳкимбахши  Истиқлолияти давлатӣ эътироф шудааст.    

Ҳамзамон, иштирокчиёни чорабинӣ суханронӣ намуда, аз иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расида буд, ёдовар шуданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар У. Бобозода бори дигар ҳамагонро бо фарорасии солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, ба ҳар як фарди худогоҳи Ватани азизамон сиҳативу саломатӣ, бурдбориҳо, сулҳу оромӣ ва таҳкими Ваҳдати миллиро таманно намуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор