Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор гардид

Дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз 2 то 5 июли соли ҷорӣ бо ибтикори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Дафтари Барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Мактаби тобистонаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур бо фарогирии 24 нафар ҷавонон аз ҳисоби кормандони ҷавони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, магистрон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон,  Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи истироҳатии “Шоҳин” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид, ки 7 нафарашонро духтарон ташкил медоданд.

Дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки яке аз самтҳои муҳиммаш мусоидат дар баргузор намудани семинарҳои машваратӣ ва омӯзишӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо мебошад, соли дуюм аст, ки Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон гузаронида мешавад.

Зимни баргузории машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ барои иштирокчиён оид ба мавзуъҳои: Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳтиром, эътироф, риоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон ва аҳамияти эълон намудани соли 2024 ҳамчуни “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, Ҳуқуқи инсон ва моҳияти он: таърихи ҳуқуқи инсон, таснифи ҳуқуқ ва озодӣ, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026: аҳамияти қабул ва амалисозӣ барои ҷавонон, Ҳуқуқи инсон ва моҳияти он: таърихи ҳуқуқи инсон, таснифи ҳуқуқ ва озодӣ, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038: аҳамияти қабул ва амалисозӣ, Принсипҳои ҳуқуқи инсон, Механизмҳои иҷроияи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Санадҳои универсалии соҳаи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷузъи муҳимми низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баъзе масъалаҳои тасдиқи санадҳои универсалии соҳаи ҳуқуқи инсон дар таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мисоли Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ, Тоҷикистон ва механизми Шарҳи Универсалии Даврии Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон СММ, Механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, Механизмҳои ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар дар мисоли фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ҳуқуқ ба баробарӣ ва бетабъизӣ. Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, Баъзе масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар байни ҷавонон ва дигар масъалаҳо маълумот пешниҳод карда шуд.

Тренерон бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, аз ҷумла лексия, мубоҳиса, ҳуҷуми фикрӣ, кори гурӯҳӣ, бозиҳои мавзӯӣ ва пешниҳоди маводи ёридиҳанда машғулият гузаронида, дар баробари пешниҳоди маълумоти нав ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён ҳамчунин ҷиҳати таҳкими робитаҳои дӯстӣ байни онҳо мусоидат намуданд.

Барои иштирокчиён Маҷмуаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон, иқтибос аз Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, иқтибос аз Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, номгӯи санадҳои универсалии байналмилалӣ ва дигар маводи иттилоотӣ дастрас карда шуд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд низ ташкил ва баргузории чорабиниҳои иттилоотиро барои тамоми табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон тақвият бахшида, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор