Нишасти матбуотии ВҲИ ҶТ
Санаи 22 июли соли 2024 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон У. Бобозода, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Х. Саидмуродзода, кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони васоити ахбори омма оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2024 маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, қайд намуданд, ки дар давраи сипаришуда фаъолияти мақомот тақвият ёфта, ҷиҳати ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон як қатор корҳо анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла, зиёда аз 787 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва баррасӣ гардида, дар шаҳру навоҳӣ ва минтақаҳои дурдасти аҳолинишин 46 машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ бо ҷалби 579 шаҳрвандон гузаронида шуданд ва ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои мурофиавии шаҳрвандон иштироки кормандони мақомоти ВҲИ дар 7 мурофиаҳои судӣ таъмин карда шуд.
Ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар вазорату идораҳо ва сохторҳои зертобеи онҳо зиёда аз 17 санҷишу мониторинг ва 8 боздидҳо анҷом дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ошкоршуда тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд. Инчунин бо мақсади такмил додани қонунгузории миллӣ ба 36 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Бо мақсади мусоидат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бо ибтикори ВҲИ ва ҳамзамон бо иштироки кормандони мақомот зиёда аз 118 чорабинӣ анҷом дода шуда, кормандони мақомот 171 маротиба дар васоити ахбори оммаи ҷуммҳуриявӣ баромад намуданд. Инчунин 2 шумораи навбатии маҷаллаи “Ахбори ВҲИ” ва нашри махсуси он бахшида ба паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 таҳия ва нашр гардида, ба иштирокчиёни чорабиниҳои ВҲИ ройгон дастрас карда шуданд.
Дар ин раванд санаи 7 майи соли 2024 дар толори калони мақомоти ВҲИ вохӯрии ВҲИ бо намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои самараноки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 оид ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-533 аз 18 марти соли 2024 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 майи соли ҷорӣ бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзўи “Нақши калидии ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар давлати ҳуқуқбунёд” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмии ватанӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ташкил ва гузаронида шуд.
Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ВҲИ бо ҳамтоёни хориҷии худ дар доираи Алянси Авруосиёгии Омбудсманҳо, инчунин ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар ҳайати Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024 низ идома ёфтанд.
Бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва самараноки вазифаҳое, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, маърўзаҳои ВҲИ ва ВҲК барои соли 2023 таҳия ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда шуда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр ва паҳн карда шуданд.
Ҷиҳати таъмин намудани дастрасии бештари шаҳрвандон ба мақомоти ВҲИ ҶТ фаъолияти мунтазами сомонаҳои ВҲИ ва ВҲК ба роҳ монда шудааст.
Пас аз гузориши мухтасари муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак М. Бобоҷонзода оид ба фаъолият дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсон саволҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд. Ба саволҳои баёншуда Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, муовини ӯ ва дигар маъулини Дастгоҳи ВҲИ ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда доданд.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба рӯзноманигорон барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳамкориҳои мо бо васоити ахбори омма фақат дар доираи нишастҳои матбуотӣ маҳдуд набуда, дарҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон ҳамеша боз аст.
Хадамоти матбуотии ВҲИ