Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин

Дар доираи тақвият додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин зери роҳбарии Тсян Тсяньго- узви доимии кумита, муовини раиси  Комиссия оид ба миллатҳо ва дини Шӯрои  умумичинии сиёсии машваратӣ, муовини раиси Ҷамъияти чинӣ оид ба таҳқиқоти ҳуқуқи инсон вохурӣ доир намуданд.

Зимни мулоқот саравввал Бобозода Умед меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва санадҳои қабулшудаи стратегии кишвар, бахусус Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва дурнамои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, фаъолияти мақомотро  муаррифӣ намуд ва оид ба ҳамкориҳои самарабахш бо мақомотҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мушаххасан иттилоъ дод.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ вобаста ба сохтори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маърӯзаҳои солонаи мақомоти мазкур, баррасии тавсияҳо, гуруҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар самтҳои фаъолият маълумот пешниҳод карда шуд.

Намояндагони ҳайати чинӣ ба саволҳои худ аз ҷониби Умед Бобозода маълумоти муфассал гирифтанд.

Дар навбати худ ҷаноби Тсян Тсяньго оид ба ниҳодҳои чиние, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият мекунанд,  иттилоъ дод. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки солҳои ахир ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин пайваста рушд меёбанд ва ҳоло амалисозии Нақшаи даҳсолаи рушди ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шудааст.

Сипас ҷаноби Люй Тао ҳамчун узви Шӯрои  умумичинии сиёсии машваратӣ, узви раёсати Ҷамъияти чинӣ оид ба таҳқиқоти ҳуқуқи инсон, муовини раиси Федератсия диаспораи чинӣ ва  намояндаи бузургтарин Медиа-гурӯҳи иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон аллакай корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани некӯаҳволии сокинони ноҳияи худмухтори Шинҷон, ки асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд, тадбирҳои дахлдор андешида шуда, дар ин бора як филми ҳуҷҷатӣ низ ба навор гирифта шудааст.

Ҷаноби Люй Тао пешниҳод намуд, ки дар самти  мазкур дар якҷоягӣ бо ВҲИ ҶТ чорабиниҳои якҷоя гузаронида шаванд.

Узви раёсати Ҷамъияти чинӣ оид ба таҳқиқоти ҳуқуқи инсон, муовини директори Институти журналистика ва коммуникатсияи донишгоҳи Тсиънан, профессор Чжен Лян дар баромади худ қайд намуд, ки дар Маркази ҳуқуқи инсони Донишгоҳи мазкур аллакай 3 китоби калонҳаҷм оид ба ҳуқуқи инсон нашр шуда, китоби чаҳорум дар арафаи нашр қарор дорад. Донишгоҳ ҷиҳати баргузории конференсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, форумҳои “Хитой + Осиёи Марказӣ”, “Ҷануб + Ҷануб” ва дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ саҳмгузорӣ менамояд.

Профессор Чжен Лян пешниҳод намуд, ки ҷиҳати пешбурди самти мазкур байни донишгоҳи Тсиънан ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуда, табодули таҷриба намоем ва оид ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон брошюраи якҷоя таҳия намоем.

Дар идомаи мулоқот ҷаноби Тсян Тсяньго даъват ба амал овард, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаи ҳуқуқ озодиҳои инсон ба роҳ монда, маърӯзаҳои солонаи худро оид ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба якдигар ирсол намоем. Дар ин раванд моро лозим аст, ки шахсони тамосро таъйин намоем.  

Ҳамчунин, ҷаноби Тсян Тсяньго сафари ҷавобии ҳайати кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин даъват намуда, илова намуд, ки мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон имконият доранд барои табодули таҷриба ва иштирок дар конференсияҳо ва дигар чорабиниҳо ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф биёранд.

Дар фарҷоми мулоқот Умед Бобозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати чинӣ бо роҳбарии ҷаноби Тсян Тсяньго барои вохӯрии пурмуҳтаво ва пешниҳодҳои қобили қабул миннатдории самимии худро байн намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба барои пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳарду давлати дӯст ва ҳамҷавор мусоидат хоҳанд кард.

 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

 

                                                                

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор