Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Бо мақсади иҷрои талаботи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» ва банди 108-и Барномаи амали Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июли соли 2024 дар ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раиси ноҳияи Шаҳритус Рӯзи қабул ва вохӯрӣ бо шаҳрвандон ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шаҳрвандони ноҳия иштирок намуданд. 

 

Дар рафти қабули муроҷиатҳои шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон 20 муроҷиати шифоҳӣ ва 2 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуданд. Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон дар ноҳияи мазкур бештар ба расонидани кӯмакҳои моддиву молиявӣ, баҳсҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳуҷҷатгузорӣ намудани хонаи истиқоматӣ ва дигар масъалаҳо вобастагӣ доштанд.

 

Ҳамаи муроҷиатҳои бақайдгирифташудаи шаҳрвандон дар ҳамкорӣ бо Раиси ноҳия баррасӣ карда шуда, ба 4 нафар шаҳрвандон, ки оид ба расонидани кумакҳои моддӣ ва молиявӣ буданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кумакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд ва ба дигар муроҷиатҳои шаҳрвандон ба ташкилоту идораҳои дахлдори ноҳия дастуру супориш дода шуд, ки муроҷиатҳои шаҳрвандон дар доираи қонунҳои амалкунанда, дар муҳлатҳои муқаррарнамуда баррасӣ ва иҷро карда шаванд.    

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор