Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 04.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти ин мақомот хабар доданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умед  Бобозода аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ давоми 33 сол ёдовар шуда, гуфт, ки «имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ мардуми тоҷик дар ҷодаи рушди устувор бо азму иродаи қавӣ барои ободиву осоиштагии ин сарзамин қадам мезанад».

Фарорасии чунин солгард ҳам аз назари эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҳам аз диди сарнавишту арзишҳои миллӣ ва ҳам аз нигоҳи раванди таърихии давлатсозӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи давлатдории муосири миллии мо мебошад. Ин санаи барҷаста имкон медиҳад, ки дар канори ибрози эҳсоси олӣ ҳамчунин ба роҳи тайшуда назар андохта, бурду бохт ва дастовардҳои ин марҳилаи муҳими таърихи давлатдориамонро ҷамъбаст ва арзёбӣ намоем.

Расидан ба истиқлолияти давлатӣ аз дастовардҳои бузург ва арзанда ба ҳисоб рафта, бузургтарин неъмати миллати тоҷик дар тамоми давраҳо мебошад.

Тоҷикистон танҳо тавассути Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид, ки қарнҳои дароз орзуву омоли миллат маҳсуб мешуданд.Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллату давлатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Бахшида ба ин иди пуршукуҳи давлатӣ як зумра кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Бознашр аз сомонаи АМИТ "Ховар"

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор