Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

November 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30

ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар шаҳри Рими Италия дар конфронси сатҳи баланд вобаста ба мавзуи «Нақши Омбудсмен ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон» сухан гуфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин мақомот хабар медиҳад.

Дар ҳошияи конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ дар шаҳри Рими Италия Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Сардори раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Италия Андреа Беккарини, роҳбари департаменти имконияти баробари Шурои вазирони Италия Елена Паллони, Президенти Кумитаи байниидоравӣ оид ба ҳуқуқи инсони назди Вазорати корҳои хориҷии Италия Сабрина Уголинӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Италия Марино Фарделли, Ваколатдор оид ба ҳимоя аз табъизи Ҷумҳурии Булғористон Анна Ҷумалиева ва дигар ҳамтоён мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.

Зимни вохӯриҳо Умед Бобозода оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, алалхусус дар мавриди қабули санадҳои муҳими самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2038, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз» сухан гуфт.

Ҳамзамон оид ба масъалаҳои рӯзмарраи самти ҳуқуқи инсон табодули афкор доир шуд.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои гуногуни Италия барои ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда ба мувофиқа расиданд.

                                                                           Бознашр аз сомонаи АМИТ "Ховар"

                                                                                                                                                                                                     

 

 

 


                                                                                                                       

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор