Вохурии иттилоотӣ бо кормандони суд ва машваратчиени хулқии шаҳри Хуҷанд
Санаи 20 сентябр тибқи Нақшаи чорабиниҳои Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд аз 27 феврали соли 2024 - оид ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва вобаста ба зарурат, моҳият ва ҳадафи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» вохурии иттилоотӣ бо кормандон ва машваратчиёни халқии суди ш.Хуҷанд ташкил ва баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд – Ҳабиба Ҳамидова, собиқадори НВҲИ дар Суғд – устод Ҳамидов Нурулло Абдуваҳобович, намояндаи МИҲД - и в.Суғд Тоҷизода Р.М., кормандони суд - Рауфзода Д.А. ва хадамоти иҷрои ҷазо Мирзоахмедов Б.Р. ҳамоҳангсозӣ ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур моҳияти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз 11 марти соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ