Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар мақомоти

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  

          Санаи 2 октябри соли 2024 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомот ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии идона сараввал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди ҷумҳурии азизамонро бо ин ҷашни муборак самимона муборакбод намуданд.

Зимни суханронӣ У. Бобозода оид ба таърихи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд маълумоти пурмуҳтаво пешниҳод намуд.

 Сипас меҳмони чорабинӣ –Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Мууҳаммадҷонзода дар мавзӯи “Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон” суханронӣ намуда, аз саъю талошҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди забони тоҷикӣ ёдовар шуд.

Дар мизи мудаввар сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилӣ Аҳад Содиқов дар мавзӯи “Устод Рӯдакӣ ва устод Айнӣ – шоҳсутунҳои забони тоҷикӣ” ва муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Машрабзода Азим дар мавзӯи “Забон – оинаи рӯзгори миллат” маърӯза намуда, оид ба ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ ибрози назар намуданд.

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки барои давлатњои миллӣ забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии нигоњдошти онњо маҳсуб меёбад ва агар кишвар ба ин арзиш эњтиром нагузорад, шикасти  он ногузир аст ва дар ин раванд саҳми бузургони миллат – устод Рӯдакӣ, устод Айнӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар бузургони халқи тоҷик беназир аст.

Иштирокчиёни чорабинӣ маърӯзаҳои пешниҳодшударо муҳокима  намуда, фикру ақида ва таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Аз ҷумла, барои ҳамкориҳои пайваста ва самаранок ба Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда шуда, изҳори боварӣ  карда шуд, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳои мутақобилан сулманд идома хоҳанд ёфт.  

Дар фарҷоми мизи мудаввар Умед Бобозода бори дигар ҳамагонро бо ҷашни муқаддаси Рӯзи забони давлатӣ муборакбод намуда, ба ҳар як фарди худогоҳи Ватани азизамон сиҳативу саломатӣ, бурдбориҳо, сулҳу оромӣ ва рушди забони давлатиро таманно намуд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор