Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Бисёр рамзист, ки ҳамасола фарорасии фасли зебои баҳор, ба таҷлили ҷашни фархундаи Рӯзи Модар рост меояд. Модар асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва неруи пешбарандаи ҷомеа мебошад. Агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, бошад, модар оғози ҳаёт мебошад.

Модар арзандаи ҳамагуна эҳтирому арҷгузорист.

Зеро, меҳрубоню самимияти ў бекарон буда, ҳамеша дилсӯзу бахшанда аст. Модар идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Саодату сарфарозии мо инсонҳо аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи онҳо сарчашма мегирад. 

Модар сарчашмаи муҳабати беканор ва маҳзани ганҷи фарзанд аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми Модар моро ба оламу одам ошно месозад. Мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо тоҷикон ба шумор меравад.

Модарон ва бонувони азиз!

Бо ифтихор ва шарафмандӣ Шуморо бо фарорасии иди зебои баҳор ва Рӯзи Модар самимона шодбош мегўем. Бароятон умри дароз, зиндагии осуда, бахту иқболи наку ва дар фаъолияти басо пурмасъулатон комёбиҳо орзу менамоем.

Бигзор, қалбҳоятон пур аз меҳру сурур, чароғи хонадонатон ҳамеша равшан ва фарзандонатон солиму солеҳ, номбардори падару модар, миллат ва халқу Ватан бошанд!

 Идатон муборак, модарону бонувони гиромиқадр!

Бо камоли эҳтиром,
Ро
ҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти
Ваколатдор оид ба 
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор