Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Баргузории семинар - машварат дар шаҳри Хуҷанд

Санаҳои 03 - 05 октябри  соли 2024 тибқи фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати иҷрои банди 120 Барномаи амали мақомоти муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон Салоҳиддинзода М ва сармутахассиси ҳамин шуъба Раҷабов Б. барои ташкили баргузории семинар - машварат оид ба риояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суѓд сафарбар шуданд.

Семинар - машварат оид ба риояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини раиси шаҳр Боќизода Б. ва кормандони масъули самти иқтисодию иҷтимоии МИҲД - и шаҳри Хуҷанд, намояндаи бонкҳо ва ассосиатчияҳои соҳибкороии хурду миёна, сокинони шаҳр ва ҷамоату деҳоти наздик (соҳибкорон) гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби муовини раиси шаҳр Боқизода Б. оғоз гардида, аз ҷониби муовини шуъбаи зикргардида Салоҳиддинзода М ва роҳбари намояндагии ВҲИ дар шаҳри Хуҷанд Ҳамидова Ҳ. оғоз гардида, вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, таъсиси ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсаду вазифаҳои шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён маъруза ва маълумотҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ масъулин бо иштирокчиёни семинар оид ба масъалаҳои мухталиф дар самти фаъолияти соҳибкорӣ, муносибатҳои ҳуқуқии бонкӣ ва дишар масъалаҳои дахлдошта суҳбатҳо гузаронида, ба саволҳои онҳо ҷавоб са маслиҳатҳои ҳуқуқии марбута пешниҳод карда шуд

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор