Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон Умед Бобозода бо фаъолон ва сокинон ва қабули сайёри

шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои водии Рашт

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дарҷгардида, инчунин тибқи банди 45-и Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2024 вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо фаъолон ва сокинони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва Рашт доир гардид.

Мақсад аз анҷом додани сафарҳои хизматӣ - иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвият ва таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои манфиатовар дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалисозиии нақшаҳои миллии амалҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, ташвиқу тарғиби дастоварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Итиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар ҷодаи таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин муайян намудани проблемаҳои аҳолии ноҳияи зикршуда дар самти ҳуқуқи инсон ва ҷой додани онҳо дар Маърўзаи солонаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

              

   Зимни вохӯриҳо сараввал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ҳозиринро ба муносибати ҷашни 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни бахтномаи миллат табрику таҳният намуда, аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки “Аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад”.  

   

                                                                                                          

Қайд карда шуд, ки кафолатнокии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ба шумор рафта, масоили ҳуқуқи инсон дар маркази Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад, ки ин яке аз принсипҳои калидии давлат ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки дар Конститутсияи амалкунанда боби алоҳида (боби дуюм) ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, дар маҷмӯъ 34 моддаро дар бар мегирад. Яъне, дар маҷмуъ муҳтавои асосии Конститутсияи имрӯзаро маҳз ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад.

          

Ҳамзамон, зимни сафари корӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар шаҳру ноҳияҳои мазкур қабули сайёри шаҳрвандон ба роҳ монда шуд. Ҷарраёни қабули шаҳрвандон бо иштироки роҳбарони аввал ва сардорони бахшу шуъбаҳои  дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатӣ дар ноҳияиҳои номбурда амалӣ карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки вобаста ба масъалаҳои дар ҷараёни қабули шаҳрвандон баёншуда аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба шахсони муроҷиаткунанда машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ дода шуд. Инчунин қисмате аз муроҷиатҳои шаҳрвандон бо мусоидати мақомоти маҳалӣ ҳалли худро ёфта, баррасии муроҷиатҳои боқимонда таҳти назорати қатъии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қарор дода шуд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор