Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Баргузории ҳамоиши ҷашнии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва самараноки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 оид ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024” ва банди 5 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-533 аз 18 марти соли 2024 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” ва ҳамзамон сазовор истиқбол намудани 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 октябри соли ҷорӣ Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор намуд.

Дар кори Мизи мудаввар намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Мизи мудаввар бо суханҳои ифтитоҳии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ва намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз гирифт.

 

         

 

Сипас, мавзуъҳои “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати конститутсионӣ”, “Экономические права как самостоятельная категория”, “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд”, “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун”, “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон”, “Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди ҳуқуқу озодиҳои занон”, “Масъалаҳои баробарӣ ва манъи табъиз тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳованд”, “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак” ва дигар масъалаҳо мавриди баррасии иштирокчиён қарор дода шуд.

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, мурури замон нишон дод, ки роҳи интихобнамудаи халқи Тоҷикистон дуруст аст. Зикр шуд, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ дар қатори даҳгонаи беҳтарини коститутсияҳои ҷаҳон эътироф шудааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Конститутсияи мардумии Тоҷикистон боз даҳсолаҳо барои таъмини Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва гулгулшукуфии Ватани азизамон хизмат мекунад.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор