Тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маърӯзаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар асоси таҳлили вазъи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешрафту дастовардҳо ва мушкилоту норасоиҳои самтҳои алоҳидаи ҳуқуқи инсон дар соли 2020 таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Маърӯза аз пешгуфтор, ду қисм ва хотима таркиб ёфта, бо мақсади беҳтар кардани вазъи таъмини ҳуқуқҳои инсон вобаста ба ҳар як самти баррасигардида тавсияҳо пешниҳод карда шудаанд.
Дар қисми аввали Маърӯза масъалаҳои таҳкими иқтидори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ ва санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти ҳуқуқи инсон инъикос гардидаанд.
Бо дарназардошти муваффақона ба анҷом расидани муҳлати татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 дар қисми аввали Маърӯза маълумоти муфассал оид ба натиҷаҳои амалисозии он оварда шудааст.
Дар қисми дуюм мавзӯъҳои ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, ҳуқуқи инсон ба интихобот, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият, пешгирии кирдорҳои зӯроварӣ дар оила ва ҳуқуқ ба саломатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Маърӯзаи имсола илова ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот ҳамчунин оид ба ҳуқуқи инсон ба интихобот дар робита ба ду маъракаи интихоботии гузаронидашуда ва ҳуқуқ ба саломатӣ дар робита ба пандемияи COVID-19 маълумотҳо ҷой дода шудаанд.
Дар Маърӯзаи пешниҳодшуда вазъи риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои алоҳидаи инсон дар сатҳи қонунгузории миллӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта тавсияҳои мушаххас пешниҳод шудаанд.
Аз ҷумла, бо мақсади рушди минбаъдаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон – 3 тавсия, боз ҳам беҳтар намудани вазъи таъмини ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф – 5 тавсия, ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида – 6 тавсия, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот – 4 тавсия, ҳуқуқи инсон ба интихобот – 3 тавсия, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо – 5 тавсия, ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият – 7 тавсия, пешгирии кирдорҳои зӯроварӣ дар оила – 3 тавсия, ҳуқуқ ба саломатӣ – 4 тавсия ва дар маҷмӯъ 40 тавсия пешниҳод гардидааст.
Маърӯзаи мазкур бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон таҳия гардида, тақозо менамояд, ки бо дарназардошти дастовардҳои муҳими Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон барои пешрафти минбаъдаи онҳо ва бартараф намудани норасоиҳои мавҷуда чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Итминон дорем, ки ба инобат гирифтани муҳтаво ва тавсияҳои дар Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2020 пешниҳодшуда барои боз ҳам беҳтар гардидани вазъи эътироф, эҳтиром, таъмин, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои инсон мусоидат намуда, мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалӣ намудани тавсияҳое, ки дар маърӯзаҳои солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон омадаанд, чораҳои заруриро меандешанд ва дар пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ