22 октябри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Ассотсиатсияи Туризми дар Ҷомеъа Ассосёфтаи Тоҷикистон «АТҶАТ» форуми байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар кори Форум роҳбарону намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ, намоянадгони шарикони рушд ва намояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахасиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Раҷабов Б. иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории форум муайян намудани самтҳои нави рушди сайёҳӣ ва дастгирии ин соҳаи афзалиятнок дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил инчунин фароҳам овардани платформа барои табодули таҷриба ва маълумот дар бораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ инчунин баланд бардоштани эътироф ва ҷолибияти кишварҳои аъзо, рушди ҳамкориҳои мутақобила ва табодули таҷриба байни кишварҳо дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ