Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Мизи мудаввари мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди набатии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 15 ноябри соли ҷорї бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди набатии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  роҳбарият ва кормандони мақомот мизи мудаввар баргузор гардид.

Сараввал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  У. Бобозода мизи мудавварро оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни сарнавиштсоз шодбош гуфта, аз дастовардҳои бузурги даврони соњибистиќлолї таҳти роҳбарии хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва солгарди набатии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд.  

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки имрӯзҳо Сарвари давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти муътабар, созандаву сулҳовар ва ходими намоёни давлативу сиёсӣ мешиносанд.

Дар мизи мудаввар инчунин намояндаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи таърихи муосири Институтии таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафоров иштирок ва суханронӣ намуданд.   

Дар мизи мудаввар Солеҳзода З – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон” баромад намуд.

Сафаргули Шамсулло - корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба саъю кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва таҳкими давлатдории муосири тоҷикон бо таҳлили амиқи муқоисавӣ баромад намуд.

Иштирокчиёни ҳамоиш дар доираи мавзӯъҳои пешниҳодшуда фикру ақидаҳои худро баён намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созанда ва ободкоронаи Сарвари давлати тоҷикон вазифаи ҳар як фарзанди баору номуси ватан мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  У. Бобозода бори дигар ҳозиринро бо ҷашни фархундаи миллӣ табрику таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки мо бояд дар пайравӣ ба хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ободу зебо ва мутараққӣ намудани ватани азизамон ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд саъю талош намоем.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор