Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 23 ноябри соли равон дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҳайати Тоҷикистон дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст,  Нақшаи миллии амалҳо барои иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегии ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар алоҳидагӣ муаррифӣ гардиданд.

Зимни вохӯриҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои гуногун, аз ҷумла Парлумони Аврупо, Комиссияи Аврупо – шуъбаи савдо ва рушд, Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия, Вазорати рушди ҳамкории байналмилалии  Шоҳигарии Белгия ва дигар сохторҳои ин кишвар табодули таҷриба намуд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки ба зимма гирифтааст, аҳамияти хосса дода, барои амалигардонии онҳо пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Тавассути сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат дар  чаҳор марҳила занону кӯдакон аз урдугоҳҳои минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Тоҷикистон оварда шуда, барои барқарорнамоии ҳолати равонӣ ва баргардонидани онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ чорабиниҳо амалӣ мешаванд.

Ҷонибҳо барои тақвият додани ҳамкории минбаъда бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ва Шоҳигарии Белгия дар самти ҳуқуқи инсон ба мувофиқа расиданд.

 

 Бознашр аз сомонаи АМИТ "Ховар"

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор