Санаи 29 ноябри соли 2024 тибқи номаи даъватӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи "Нақши ҷавонон дар таҳкими маърифати ҳуқуқӣ" бахшида ба эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ташкил ва баргузор гардид, дар он сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҷабов Беҳруз иштирок ва бо маъруза баромад намуд.
Зимни маърӯзаи худ, намояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқ инсон дар баромади худ изҳор дошт, ки «сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, яке аз омилҳои асосии ҳалли мушкилотҳои ҳуқуқии замони имрӯз ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ, барои рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши хоса дорад. Маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ боис мегардад, ки низому тартибот дар ҷомеа таъмин гардида, принсипи қонуният ва таъмини баробарии шаҳрвандон амалӣ шавад. Чунки риояи Конститутсия, қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон аз маърифати ҳуқуқӣ сарчашма мегиранд.
Чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ширкаткунандагон инчунин дар мавзуъҳои гуногун дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ суханрониҳо намуданд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ