Санаи 28 ноябри соли 2024 бо ташаббуси Ташкилоти Ҷамиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори мизи муддаввар аъзои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону намояндагони мақомотҳои давлатӣ, соҳибкорон, ва намояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон Салоҳиддинзода М. иштирок ва баромад намуд.
Мақсад аз баргузории мизи муддаввар баррасии лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» ба шумор меравад.
Дар Тоҷикистон бори аввал оид ба соҳибкории иҷтимоӣ соли 2018 ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун» дар якҷоягӣ бо Институти Ҷамъияти Кушода «Бунёди Мадад дар Тоҷикистон» ва кӯмаки намояндагии Маркази байналмилаии ғайритиҷоратии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон лоиҳаи таҷрибавиеро барои таҳқиқ ва омӯзиши заминаҳои соҳибкории иҷтимоӣ тарҳрезӣ карданд.
Дар доираи лоиҳаи зикршуда гуруҳи мутахассисон аз ҷумлаи намояндагони Вазорати адлия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, намояндагони парлумон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуд.
Дар доираи гуруҳи корӣ, таҳлили ҳуқуқӣ ва иқтисодии имкониятҳои рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, гурӯҳи коршиносон лоиҳаи «Консепсияи рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон» - ро таҳия намуданд. Лоиҳаи Консепсия ба як қатор мақомоти давлатӣ фиристода шуда, баҳои мусбат гирифт.
Мақсади Консепсияи мазкур дар заминаи қонунӣ фароҳам овардани шароити муфид барои дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла; занони танҳо, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, ятимон, ашхоси камбизоати кишвар, ҳам аз тарафи давлат ва ҳам аз ҷониби ҷомеа равона шудааст.
Хадамоти матбуотии ВҲИ