Мизи мудаввар таҳти унвони «Рўзи ҳуқуқи инсон ва натиҷаи мониторинги қисмҳои ҳарбӣ»
Рўзи 6 декабри соли 2024 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола дар арафаи Рўзи ҳуқуқи инсон қайд карда мешавад, мизи мудаввар доир намуданд.
Дар мизи мудаввар намояндагон аз мақомоти прокуратура, суд, вазоратҳои мудофиа, адлия ва корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Маърўзачиён тибқи Барнома дар мавзўҳои «Ҳуқуқи инсон-арзиши муҳими ҷаҳони муосир», «Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва натиҷаи мониторинги қисмҳои ҳарбӣ», «Ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсии хизматчиёни ҳарбӣ». «Таҷрибаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳҳои пурсамари мубориза бар зидди муносибатҳои ѓайриоиномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ», «Адолати судӣ нисбати хизматчиёни ҳарбӣ» ва «Назорати дақиқи иҷрои қонунҳо дар фаъолияти Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.
Дар рафти мизи мудаввар бештар ба масъалаҳои ҳуқуқҳои сарбозон дар давраи хизмат ва аз байн бурдани муносибатҳои ѓайриоиномавӣ мубоҳисаҳо сурат гирифта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ тавсияҳо пешниҳод карда шуданд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ