ДУШАНБЕ, 10.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ва 15-солагии таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрандӣ ва доираҳои илмии ватанӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва давлати демократию ҳуқуқбунёд ҳамасола тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи ҳуқуқи инсонро таҷлил менамояд. «Имрӯзҳо эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар ҷомеа маҳсуб шуда, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст»,-баён дошт Умед Бобозода.
Таъкид гардид, ки мазмуну моҳияти меъёрҳои конститутсионии соҳаи ҳуқуқи инсон дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ба воситаи Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз мегарданд.
Гуфта шуд, ки ҳанӯз соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии ӯро эътироф намуда, муқаррар намуда буд, ки инсон, хуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Бо такя ба ин муқаррарот ва меъёрҳои дигари барномавӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ амалӣ гардида, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуданд.
Ҳамасола баргузор намудани Рӯзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби мақомоти идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба рушди ташаккули фазои ҳуқуқии мамлакат мусоидат менамояд. Ва ҳамасола дар ин сана Рӯзи қабули Эъломияи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Эъломия санаде мебошад, ки дар таърихи инсоният бунёдгузори ҳуқуқу озодиҳои тамоми башарият ва муҳимтарин санади байналмилалӣ дар ин соҳа мебошад. Нақши ин санад, пеш аз ҳама, барои эътироф, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар самти риоя ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чун ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст.
Вобаста ба 15-солагии таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор гардид, ки таъсиси ин мақомот барои давлате, ки ҷонибдории худро ба принсипҳои ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ баён намудааст, аҳамияти басе муҳим дорад, зеро ноил шудан ба ин ҳадафҳо танҳо тавассути эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд имконпазир аст.
Имрӯзҳо эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар ҷомеа маҳсуб шуда, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст. Он давоми солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила амалӣ мешавад.
Бознашр аз сомонаи АМИТ "Ховар"