Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

January 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Ҷавоби вокуниши Ваколатдор оид ба

ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони

тоҷик дар Федератсияи Россия аз ҷониби

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ФР.

 

Ёдовар мешавем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода вобаста ба ҳолатҳои вайроншавии ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия ба ҳамтои русаш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия Татяна Москалкова дархост ирсол намуда буд.

Дар дархости мазкур қайд гардида буд, ки аз васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо маълум гардид, ки қонунӣ будани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони корӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия тафтиш шуда истодааст ва аз маводҳои видеоии дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда мушоҳида шуданд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз усулҳои мамнуи муомила, аз қабили даѓалӣ, латукуб ва таҳқир алайҳи онҳо истифода мекарданд ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирон нигарони кард.

Дар робита ба ин, Умед Бобозода аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова тақозо намуда буд, ки барои риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия мусоидат намуда, ин гуна қазияҳоро зери назорат ва баррасии худ қарор диҳад.

Вобаста ба муроҷиати мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия Татяна Маскалькова ба ҳамтояш Умед Бобозода зимни пешниҳоди мактуб қайд намудаст, ки ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори қудратии Федератсияи Россия муроҷиат карда, муроҷиати мазкурро зери назорати худ гирифта, гуфтааст, ки  аз натиҷаи иҷроиши он иловатан хабар мерасонад.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор