Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Вохӯрии Умед Бобозода бо Сафири Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон

Дар доираи амалисозии фаъолият дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ Умед Бобозода - Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Сафири Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Вилли Кемпл ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот доир намуд.

Зимни мулоқот Умед Бобозода сараввал ҷаноби Вилли Кемплро барои ташриф оварданаш ба мақомоти Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуд.

Бобозода Умед аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва санадҳои қабулшудаи стратегии кишвар, бахусус Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва дурнамои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, фаъолияти мақомотро  муаррифӣ намуд ва оид ба ҳамкориҳои самарабахш бо мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мушаххасан иттилоъ дод.

Дар рафти вохӯрӣ вобаста ба амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ва дигар чорабиниҳое, ки дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд ва дигар самтҳои фаъолият суҳбат доир гардид.

Инчунин, зимни вохӯрӣ ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба байни Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар рафти мулоқот Сафири Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Вилли Кемпл барои пазироии дӯстона ба Умед Бобозода миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон изҳор намуд.

Дар маҷмуъ, мулоқот дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуданд.

 

Хадамоти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор