Мизи мудаввари
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ифтихори ҷашни 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 21 феврали соли 2025 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона сараввал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи ҷумҳуриро бо фарорасии солгарди навбатии таъсисёбии ҷашни ҳомиёни Ватан самимона муборакбод намуд.
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст, зеро бо иқдомҳои пайваста ва пайгиронаи Сарвари давлати тоҷикон дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, ки дар ҷумҳурӣ заминаҳои моддиву техникӣ барои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ умуман вуҷуд надоштанд, Артиши миллӣ таъсис дода шуд ва хатари аз байн рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил бартараф карда шуд.
Дар мизи мудаввар Ф. Сайнозимзода - сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Б. Раҷабов - сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, оид ба таърихи ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар пешбурди ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иттилооти ҷолиб пешниҳод намуданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ маърӯзаҳои пешниҳодшударо муҳокима намуда, ҷиҳати тақвият додани фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ҳуввияти миллии ҷавонон фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Дар фарҷоми чорабинии идона Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода бори дигар ҳамагонро бо фарорасии 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, қайд карданд, ки Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди Ватан баҳри ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон рушд хоҳад ёфт ва дар ин ҷода мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар доираи ваколатҳои худ саҳмгузорӣ хоҳад кард.
Хадамоти матбуотии ВҲИ