Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2025
M T W T F S S
1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31

Маърузаҳои солонаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи   

инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд

Мутобиқи талаботи моддаҳои 24 ва 327 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак барои соли 2024 ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон, тибқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аввалин Маърузаи махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи вазъи риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз барои соли 2024 низ пешниҳод карда шуд.

Дар маърузаҳо фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар соли 2024, инчунин вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷумҳурӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, ҷиҳати таҳкиму пешрафти онҳо тавсияҳои дахлдор пешниҳод шудаанд.

Маърузаҳои зикршуда бо забони давлатӣ дар сомонаҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.ombudsman.tj; www.vhk.tj) ҷиҳати дастрасии оммавӣ ҷой дода шуда, дар вақтҳои наздик бо забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума ва пешниҳод карда мешаванд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон итминони комил дорад, ки мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамчун пешбарандаи сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳамаи шарикони рушд  миннатдории самимии худро барои мусоидат дар пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, омодагии ҳамешагии худро барои густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор менамояд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор