Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Басбӣ Ҳалимбек муроҷиат намудааст, ки вай, шавҳар ва фарзанди беморашон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бе пул ва бе ҷои зист сарсону саргардон мондаанд. Мудати чанд шабонарўз мешавад, ки дар масҷид ва истгоҳҳо шабро рўз менамоянд ва хоҳиш кардааст, ки барои ба Тоҷикистон баргардонидани онҳо кўмак расонида шавад.
Вобаста ба ин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода барои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ташаббус намуда, ба ҳамтои худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ластаев Артур Ермекович муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки барои дар ҳолати ногувор будани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати ба ватан баргардонидани онҳо кумак расонанд.
Инчунин Бобозода Умед аз ҳамтои худ Артур Ермекович хоҳиш намудааст, ки аз натиҷаи қазияи мазкур бо ў тамос гирад.
Хадамоти матбуотии ВҲИ