Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо ҳайати Ҷамъияти ҳуқуқии Англия ва Уэлс таҳти роҳбарии доктор Дебра Лонг
Санаи 6 марти соли 2025 мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо ҳайати ҷамъияти ҳуқуқии Англия ва Уэлс таҳти роҳбарии доктор хонум Дебра Лонг баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқшиносони ҷавон, ҳимоятчиёни ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба онҳо табодули афкор анҷом дода, қайд гардид, ки ҳамкориҳои худро дар ин самт минбаъд низ идома хоҳанд дод.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар хусуси дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ибрози назар намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон пайваста қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Роҳбари Ҷамияти ҳуқуқии Англия ва Уэнс хонум доктор Дебра Лонг аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд, ки давом додани ҳамкориҳои судманд мувофиқи мақсад буда, баҳри амалӣ ва риоя намудани ҳуқуқу манфиятҳои инсон ва шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ иқдоми зарурӣ ва қобили дастгирӣ мебошад.
Хадамоти матбуотии ВҲИ