Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Вохӯрии масъулини Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мушовири ҳуқуқии Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Энтсиско Камило

Бо мақсади амалисозии фаъолият дар доираи даври дуюми Барномаи Хазинаи Байналмилалии Асъор “Абзори ҳамоҳангсозии сиёсат” (PCI) рӯзҳои 3-6 марти соли 2025 ҳайати намояндагони ёрии техникии Хазинаи Байналмилалии Асъор бо роҳбарии Мушовири ҳуқуқии Хазинаи мазкур ҷаноби Энтсиско Камило ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ вохӯриву мулоқотҳои мутақобилан судманд анҷом дод.

Аз ҷумла, санаи 5 марти соли 2025 чунин мулоқот бо масъулини Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқоти зикршуда сардорони шуъбаҳои ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон, шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилӣ, шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва мудири бахши хоҷагӣ ва таъминоти молиявии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Зимни мулоқот сараввал ба ҷаноби Энтсиско Камило барои ташриф оварданаш ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор карда шуда, ба ҳайати меҳмонон оид ба фаъолияти мақомоти Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дурнамои он, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва санадҳои қабулшудаи стратегии кишвар, бахусус Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026,  амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва фаъолияти шуъбаи навтаъсиси ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои судманд бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар самти ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон ҳавасманд мебошад.

Сипас ҷаноби Энтсиско Камило барои пазироии дӯстона миннатдорӣ намуда, вобаста ба самтҳои дар боло зикршуда якчанд саволҳои дахлдор пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои муфассал гирифт ва қаноатмандии худро аз вохӯрӣ иброз намуда, таъкид намуд, ки натиҷаҳои мулоқотро ба роҳбарияти худ мерасонад.

Вохӯрӣ дар фазои озод ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфт.

  

Хадамоти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор