Иштироки маҷозии намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҷаласаичоруми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Санаи 16 апрели соли 2025 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи чоруми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа 17 масъалаҳои алоҳидаи соҳаи ҳуқуқи инсон мавриди баррасии аъзои Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дода шуд.
Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссияи мазкур дар ин чорабинии сатҳи баланд ба таври маҷозӣ иштирок намуда, ҳамчун роҳбари 2 гурӯҳи кории Комиссия вобаста ба ду масъалаи рӯзномаи ҷаласа, аз ҷумла «Оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ қарордошта» ва “Дар бораи фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба таъсис додани ҷоизаҳои Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саҳми барҷаста дар пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҳудуди ИДМ” маърӯза намуд.
Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Мавриди зикр аст, ки иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабаниҳои сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати муаррифӣ намудани дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд мусоидат мекунад.
Хадамоти матбуотии ВҲИ








