Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, ва Конибодоми вилояти Суғд.
Санаи 24 -26 апрели соли 2025 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2025 бо мақсади қабули шаҳрвандон ба шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Конибодоми вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни сафар аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода дар шаҳрхои зикргардида дар якҷоягӣ бо мақомотҳои иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳрҳо қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд. Дар маҷмуъ 16 нафар муроҷитакунандагон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, ва Конибодоми вилояти Суғд аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул карда шуданд. Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон дод, ки аҳолӣ бештар бо масоили гуногуни ҳуқуқи инсон, аз қабили ҳуқуқу озодиҳои ҳамсарон ҳангоми бастани ақди никоҳ, баҳсҳои оилавӣ ва тақсимоти молумулки муштарак, ҳуқуқ ба манзили истиқоматӣ, соҳибмулкӣ ба замин, тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи зӯроварӣ дар оила, масъалаи саркашӣ аз супоридани алимент, норозигӣ аз ҳалномаҳои судӣ, мурофиаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ҳуқуқ ба аёдати кӯдакон, ҳуқуқ ба таҳсил, масоили бо оби ошомиданӣ ва таъмин намуда ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои шифоҳӣ намуданд.
Вобаста ба масъалаҳои зикргардида дар самти ҳуқуқҳои инсон дар шаҳрҳои мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони муроҷиаткунанда машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ доданд.Боиси қайд аст, ки бархе аз муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ҳузури роҳбарони аввали шаҳрхои зикргардида ҳалли мусбии худро ёфтанд.

Ҳамзамон У. Бобозода таъкид намуданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин муайян намудани масоили аҳолӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ вобаста ба масоили рӯзмара тартиби қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намояд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ








