Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Баргузории семинари дурӯзаи омӯзишӣ дар шаҳри Хуҷанд

Бо мақсади амалисозии самараноки банди 2.7. Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи Универсалии Даврӣ (даври сеюм)  барои солҳои 2023-2026, ки бо Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-350 аз 1 апрели соли 2023 тасдиқ шудааст, санаи 23-24 апрели соли 2025  дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд семинари дурӯзаи омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд.

     

Чорабинии мазкур зимни ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони байналмилалии швейтсарии “Ҳелветас” дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқшиносон” амалӣ карда шуд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвият ва таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои манфиатовар дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалисозиии нақшаҳои миллии амалҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, ташвиқу тарѓиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Итиқлолияти давлатӣ, хусусан дар ҷодаи таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Дар чорабинӣ 30 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, раисони маҳаллаҳо, зиёиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Зимни семинари омӯзишӣ барои иштирокчиён оид ба ҷанбаҳои гуногуни мавзӯи баррасишаванда презентатсияҳои алоҳида доир ба “Шарҳи Универсалии Даврӣ (ШУД) ва дигар механизмҳои байналмилалии ҳисоботдиҳӣ”, “Фаъолияти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Раёсати Комиссариати Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар самти баррасии Гузоришҳои миллии давлатҳои аъзои СММ вобаста ба ШУД”,  “Ниҳодҳои шартномавии СММ ва Гузоришгарони махсуси СММ”, “Тавсияҳои пешниҳодшаванда аз натиҷаи баррасии гузоришҳои миллӣ”, “Раванди таҳия ва амалисозии Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба тавсияҳои пешниҳодшуда”, “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарҳи Уиверсалии Даврӣ”, “Механизми миллии ҳисоботдиҳӣ вобаста ба ШУД ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст”, “Робитаи мутақобилаи Тавсияҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва Ҳадафҳои Рушди Устувор” маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар фарҷоми семинари омӯзишӣ иштирокчиён ба ташкилкунандагони чорабинӣ миннатдории самимии худро баён намуда, изҳор намуданд, ки чунин чорабиниҳои иттилоотӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ ташкил ва гузаронида шавад.

 

 

 

Сардори ШБИТТ                                                          А. Содиқов

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор