ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:
- Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2821,50 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи байналмиллалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2821,50 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2088,00 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2088,00 сомонӣ.
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ
ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ -2821,50 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби зикршуда
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Сармутахассиси шуъбаи байналмиллалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2821,50 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби зикршуда
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши
мансабӣ – 2088,00 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби зикршуда
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2088,00 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби зикршуда
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.
Дар ҳолати доштани собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ иловапулӣ пардохт карда мешавад.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 3х4;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
- дигар ҳуҷҷатҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
734023, шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар -10, тел: 221-47-87
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо - 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон.
Маълумоти бештар дар бораи талаботи тахассусӣ, саволномаи озмун ва дигар маълумот дар сомонаи www.ombudsman.tj








