Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Сафари кории ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари Шоҳигарии Испания

Санаи 6 то 12 июни соли 2025 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ”Дунёи ҳуқуқ” ба кишвари Шоҳигарии Испания сафари корӣ анҷом доданд.

Ҳадаф аз сафари кории мазкур иҷрои самарабахши ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад.

Вохӯрӣ бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии кишвари Шоҳигарии Испания, ҷаноби Антонио Алонсо - мушовири Вазорати корҳои хориҷии кишвари Шоҳигарии Испания, профессори илмҳои сиёсӣ ва маъмурияти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи CEU Сан - Пабло ва устодони донишгоҳ, дар раванди он табодули таҷриба дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омӯзиши таҷрибаи мақомоти дахлдори кишвари Шоҳигарии Испания дар самтҳои зикршуда анҷом дода шуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди мулоқот аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва санадҳои қабулшудаи стратегии кишвар, бахусус Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, ва масъалаҳои ислоҳоти қонунгузорӣ ва институтсионалӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидани Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа, таъсиси механизми миллии пешгирикунанда, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз», мониторинги муассисаҳои пӯшида ва дигар паҳлӯҳои муҳими мусоидат ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ёдовар шуда, фаъолияти мақомотро муаррифӣ намуданд.

Антонио Алонсо мушовири Вазорати корҳои хориҷии кишвари Шоҳигарии Испания, профессори илмҳои сиёсӣ ва маъмурияти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи CEU Сан - Пабло аз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд, ки давом додани ҳамкориҳои судманд мувофиқи мақсад буда, баҳри амалӣ ва риоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ иқдоми зарурӣ ва қобилӣ дастгирӣ мебошад.

Дар натиҷа ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати тақвияти фаъолият дар самтҳои болозикр минбаъд низ ҳамкориҳоро густариш медиҳанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор