Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии гурезаҳо мизи мудаввар баргузор гардид

Санаи 18 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии гурезаҳо, ки ҳамасола 20 июн ҷашн гирифта мешавад, мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дигари давлатӣ, Дафтари миллии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед доир ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, хусусан ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо сухан карда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аввалин шуда, соли 1993  Конвенсияи соли 1951 “Дар бораи мақоми гурезаҳо” ва  Протоколи иловагии соли 1967-ро қабул кард. Иброз гардид, ки яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқҳои вайроншудаи шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо мебошад.

Таъкид шуд, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст. Ҳамчунин, иброз шуд, ки Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.

Дар мизи мудаввар мавзуъҳои “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун механизми миллии ҳимояи ҳуқуқи гурезаҳо”, “Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо”, “Нақши Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кор бо гурезаҳо”, “Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо: дастовардҳо ва мушкилиҳо”, “Самтҳои ҳамкориҳои фаъолияти дафтари миллии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мавзуъҳои дигар матраҳ гардиданд.

Дар мизи мудаввар як қатор таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо ва паноҳҷўяндагон манзур гардида, саволу ҷавобҳо сурат гирифт.

Дар фароварди сухан Бобозода Умед таъкид намуд, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо ва паноҳҷўяндагон бо мақомоти дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро боз ҳам густариш медиҳад.

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор