Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 25 июни соли 2025 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинии идона сараввал муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Бобоҷонзода баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди ҷумҳурии азизамонро бо рӯзи сулҳу сафо - Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод намуданд.

Зимни суханронӣ М. Бобоҷонзода аз саъю талошҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмин ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар ватани азизамон ёдовар шуданд.
Дар мизи мудаввар сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҳасан Мирзоев дар мавзӯи «Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ» ва мутахассиси пешбари шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилӣ Худойдод Қодирқулов дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ омили муҳимми рушди ҷомеа ва давлат” маърӯза намуда, иброз доштанд, ки барои давлатҳои миллӣ Ваҳдати миллӣ рукни асосии нигоҳдошти онҳо маҳсуб меёбад ва агар кишвар ба ин арзиш эҳтиром нагузорад, шикасти он ногузир аст.
Инчунин, қайд гардид, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун омили созандаю таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ эътироф шудааст.
Ҳамзамон, иштирокчиёни чорабинӣ суханронӣ намуда, аз иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расида буд, ёдовар шуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар М. Бобоҷонзода бори дигар ҳамагонро бо фарорасии солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, ба ҳар як фарди худогоҳи Ватани азизамон сиҳативу саломатӣ, бурдбориҳо, сулҳу оромӣ ва таҳкими Ваҳдати миллиро таманно намуданд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ








