Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Вохўрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

бо устодон ва донишҷўён дар шаҳри Хуҷанд

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон мебошад.

Вобаста ба ин тибқи Барномаи амали мақомоти мазкур барои соли 2025 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода санаи 24 июни соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров ва санаи 25 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо устодон ва динишҷўйёни макотиби олии мазкур вохўрӣ анҷом дод.

Дар вохўрии мазкур Умед Бобозодаро сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Бобохонзода Саидалӣ ва роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд Ҳомидова Ҳабиба ҳамроҳи намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода дар рафти вохўрии худ бо устодон ва донишҷўйён оид ба сиёсати давлат дар самти ҳуқуқи инсон, Конститутсия ва дигар санадҳои муҳими стратегӣ, таъсис ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шартномаҳои асосии ҳуқуқи инсон, ҳисоботҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои СММ, даъвати маърўзачиёни махсуси байналмилалӣ ба Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», эълон кардани соли 2024 -  «Соли маърифати ҳуқуқӣ», Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ҳуқуқҳои кўдак ва пешгирии зўроварӣ дар оила баромад намуданд.

   Ҳамзамон кормандони мақомоти мазкур Бобохонзода Саидалӣ дар мавзўъҳои таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва хушунати оилавӣ ва Ҳомидова Ҳабиба дар мавзўи нақши Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баромадҳо намуданд.

Дар қисмати саволуҷавоб ва муҳокимаи вохўрӣ аз ҷониби иштирокчиён ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар масъалаҳои ҳуқуқҳои оилавӣ, тартиби дар кўдакистон ҷой кардани кўдакон, чи тавр ба Ваколатдор муроҷиат кардан, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, дастрасии қонунгузории миллӣ тариқи электронӣ, муроҷиати шаҳрвандон тариқи электронӣ, бисёрзанӣ дар қонунгузорӣ ва дигар саволҳо дода шуданд.

Ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Дар фарҷоми вохўрӣ аз ҷониби устодон ва донишҷўйён пешниҳод гардид, ки чунин вохўриҳо мунтазам ба роҳ монда шавад, ки он ба манфиати устодон ва донишомўзон мебошад.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор