Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Вокуниши

мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

вобаста ба ҳолати кӯштори кӯдакон

 Дар Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дошта, кӯдакон дар сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷойгоҳи хоса бархӯрдоранд. Дар ин замина давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият ва уҳдадориро барои таълиму тарбия кӯдак пурзӯр намуда, пайваста чораандешӣ мекунад.

Новобаста аз тадбирҳои андешидашаванда ҳолатҳои алоҳидаи фавт, зӯроварӣ ва табъиз, ки нисбати кӯдакон ба вуқӯъ меоянд, ташвишовар боқӣ мемонад.

Ҳодисаи фоҷеабори ба дарё партофтани кӯдакон аз тарафи модарашон, ки шаби 29 ба 30 июн ба қайд гирифта шуд, сабаби марги 4 кӯдаки хурдсол гардидааст. Ҳодисаи мазкур боиси нигаронии амиқи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа гардида, чораҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон тақозо менамояд.

Таҳлилу омӯзиши ҳолатҳои вайроншавии ҳуқуқҳои кӯдакон нишон медиҳад, ки дар аксар ҳолат ҳуқуқу манфиатҳо кӯдакон аз ҷониби падару модар, дигар намояндагони қонунӣ ва махсусан шахсоне, ки кӯдак ба онҳо меҳр баста, боварӣ дорад вайрон карда мешавад.

Ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озод будан аз тамоми шаклҳои зӯроварӣ ҳуқуқи бунёдии кӯдакон ба шумор рафта, андешидани тадбирҳои пайвастаро дар қонунгузорӣ, амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ талаб менамояд.

Дар баробари ин, фарқ нагузоштан байни муҳит барои калонсолон ва хурдсолон, шакл нагирифтани муҳити муҳофизаткунанда ва бетафовутӣ ба таълиму тарбия ва назорати кӯдакон дар ҷомеа метавонад оқибатҳои манфӣ ба бор оварад.

Назорати кӯдакон дар ҷойҳои наздик ба роҳҳои мошингард, ҳавзу дарёҳо ва пешгирии истифодаи кори кӯдак дар шаклҳои бадтарини меҳнат, махсусан дар давраи таътили тобистона диққати махсусро талаб менамояд.

Аз ин лиҳоз, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон аз мақомоту муассисаву ташкилотҳо, падару модарон, дигар намояндагони қонунӣ ва аҳли ҷомеа даъват ба амал меорад, ки дар шаклгирии муҳити муҳофизаткунанда барои кӯдакон чораандешӣ намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар  самти ҳифз, тарбия, таълим, назорат ва рушди кӯдакон корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд.

 

Хадамоти матуботии

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор