Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

 

Маҷлиси умумии кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият

 дар нимсолаи якуми соли 2025

Санаи 14 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи калони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии кормандони мақомот оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2025 таҳти раёсати Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамоишро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ифтитоҳ намуда, оид ба нишондодҳои асосии фаъолияти мақомот дар шаш моҳи аввали соли 2025 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз салоҳият ва имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати амалисозии сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои самараноки ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Стратегияи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи амали мақомоти мазкур барои соли 2025 як қатор корҳоро ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими обрӯву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба анҷом расонид.

Сипас ҳисоботи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар воҳидҳои сохтории мақомот оид ба фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2025 шунида шуд.

Аз нишондодҳои ҷамъбастии фаъолият дар самтҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсон зимни шаш моҳи сипаришуда муайян карда шуд, ки дар давраи сипаришуда мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои мушаххас ноил гаштааст, вале дар амалисозии баъзе аз самтҳо ҳанӯз ҳам  камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд.

Ҷиҳати бартараф намудани масъалаҳои зикршуда аз ҷониби Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомот дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда ва пешбурди минбаъдаи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдорро қабул намуда, воҳидҳои сохтории мақомот вазифадор шуданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва самараноки қарорҳои қабулшуда саъю талош намоянд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор