Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

 

Санаи 22-25 июли соли 2025 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон ва Мурғоб сафари корӣ анҷом доданд.

Мақсад аз анҷом додани сафарҳои корӣ – иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвият ва таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои манфиатовар бо сохторҳои маҳаллӣ дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалисозии нақшаҳои миллии амалҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, ташвиқу тарғиби дастоварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар ҷодаи таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин муайян намудани масоили аҳолӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва ҷой додани онҳо дар Маърӯзаи солонаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зимни сафар аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияхои зикргардида дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд. Дар маҷмуъ 25 нафар муроҷитакунандагон дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, ва Мурғоби вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул карда шуданд. Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон дод, ки аҳолӣ бештар бо масоили гуногуни ҳуқуқи инсон, аз қабили ҳуқуқу озодиҳои ҳамсарон ҳангоми бастани ақди никоҳ, баҳсҳои оилавӣ ва тақсимоти молу мулки муштарак, ҳуқуқ ба манзили истиқоматӣ, соҳибмулкӣ ба замин, тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи зӯроварӣ дар оила, масъалаи саркашӣ аз супоридани алимент, норозигӣ аз ҳалномаҳои судӣ, мурофиаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ҳуқуқ ба аёдати кӯдакон, ҳуқуқ ба таҳсил, масоили бо оби ошомиданӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои шифоҳӣ намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои зикргардида дар самти ҳуқуқҳои инсон дар шаҳру ноҳияҳои мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони муроҷиаткунанда машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ доданд. Боиси қайд аст, ки бархе аз муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ҳузури роҳбарони аввали шаҳру ноҳияҳо зикргардида ҳалли мусбии худро ёфтанд.

Ҳамзамон, У. Бобозода таъкид намуданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин муайян намудани масоили аҳолӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ вобаста ба масоили рӯзмара тартиби қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намояд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор