Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Маъракаҳои иттилоотӣ дар сатҳи маҳаллӣ пайваста дар ҷараён мебошанд

Дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №32/10-7947 аз 15 феврали соли 2023 ва иҷроиши банди 113-и Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2025 ҷиҳати шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон санаи 22 июли соли 2025 дар шаҳри Хоруғ ва 24 июли соли 2025 дар ноҳияи Мурғоб чорабиниҳои иттилоотӣ дар самти баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз бо иштироки беш аз 120 нафар доир гардиданд.

 

Чорабинӣ бо ҳузури раисони шаҳру ноҳия ва бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисону кормандони ҷамотҳои шаҳраку деҳот, сармуҳаррирони рӯзномаҳои маҳаллӣ, хабарнигорон, кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, кормандони муассисаҳои таълимӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, кормандони соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ, ходимони дин, фаъолони ҷамъиятии ноҳияҳо баргузор гардид.

Чорабиниҳои мазкур аз ҷониби раисони шаҳру ноҳия ифтитоҳ ёфта, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода У. дар мавзӯи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, тарзи пешниҳоди ҳисоботҳо вобаста ба масъалаҳои табъиз ба мақоми амалисози Қонун баромад намуда, аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо хоҳиш намуд, ки ба аҳолӣ мазмун ва моҳияти Қонуни нав фаҳмонида шуда, дар фаъолият масъалаҳои табъиз алоҳида аз дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, ба пешниҳоди ҳисоботҳои ҳолатҳои табъиз ва нобаробарӣ диққати махсус зоҳир гардад.

 

Сипас, Бобохонзода С. – Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи “Салоҳият ва ваколати мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” маърӯза кард.

Баъдан, Маҷидзода П. – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар мавзӯи “Шарҳи мафҳумҳои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” суханронӣ намуд.

 

Дар вақти муҳокимаи мавзўъ аз ҷониби иштирокчиён саволҳо оиди баррасии аризаҳо, гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешидани чораҳо ҷиҳати оштикунонии тарафҳо дар ҳолати ба қайд гирифтани табъиз, чораҳои мусбат ва махсуси муваққатӣ пешниҳод карда шуданд,. Ба саволњои пешниҳодшуда аз ҷониби тренерон  ҷавобҳои мушаххаст дода шуд.

Дар фарҷоми чорабинҳои раисони шару ноҳияи номбурдашуда ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доир намудани чунин ҳамоиши мутақобилан судманд миннатдорӣ ва омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор