Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Мактаби тобистонаи ҳуқуқи инсон барои ҷавонон баргузор гардид

Дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 аз 15 то 18 июли соли ҷорӣ бо ибтикори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Дафтари Барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Мактаби тобистонаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур бо фарогирии 24 нафар ҷавонон аз ҳисоби кормандони ҷавони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, магистрон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон,  Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид. Аз шумораи умумии иштирокчиён 7 нафарашонро духтарон ташкил медоданд.

Ҳамчунин, соли ҷорӣ нахустин маротиба барои иштирок дар Мактаби тобистона бо назардошти Нақшаи кори Комиссияи ҳуқуқи инсони ИДМ барои солҳои 2024-2025 намояндагони давлатҳои – узви Комиссияи ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил даъват шуда буданд. Аз ин лиҳоз, бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ду нафар кормандони ҷавони Ваколатдори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон ва Маркази миллии ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ оид ба ҳадафҳои Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, Стратегияи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва паҳлуҳои назариявӣ ва амалии ҳифзи ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал пешниҳод гардида, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ташвиқу пешбурди он ҳамкорӣ намоянд.

Дар фарҷоми Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон ба иштирокчиён Гувоҳнома супорида шуд.

Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор