Иштироки роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд дар семинари илмӣ – амалии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд вобаста ба падидаҳои номатлуб ва дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки вилоят
Санаи 29 июл дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Омӯзиши сабабу омилҳои падидаи номатлуби худкушӣ ва роҳҳои пешгирии он” баргузор гардид. Дар семинари мазкур намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони сардори шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба хизмат, кормандони хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони мақомоти милитсия, роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд, намояндагони кумитаҳои кор бо оила, ҷавонон ва варзиш, масъулини соҳаи маориф, имомхатибони масчидҳо, раисони ҷамоати деҳот ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.

Дар оғоз сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал - майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қудратулло вобаста ба барномаи ҷаласа таъкид дошт, ки ҳамоиши мазкур дар натиҷаи таҳлилҳои ба даст омада вобаста ба амалҳои номатлуби аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифташуда дар самти муноқишаҳои оилавӣ, ҳодисаҳои худкушӣ ва суйиқасд ба он роҳандозӣ гардида, ҳадафи он ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба амалҳои номатлуб ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа мебошад.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода баромад намуда иброз дошт, ки пешгирии падидаҳои номатлуби муноқишаҳои оилавӣ, қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани худ ё суйиқасд ба чунин амал фаъолияти дастаҷамъонаро талаб мекунад.
Маърӯзаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар баробари таҳлили муқоисавии вазъи ҷинояткорӣ, ҳамзамон оид ба омори муноқишаҳои оилавӣ ва ҳодисаҳои худкушӣ ва суйиқасд ба он маълумот медод. Ҷой доштани муноқишаҳои оилавӣ ва ҳодисаҳои номатлуби қасд ба ҷони худ кардани сокинони вилоят нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ташвишовар таъкид карда шуд. Дар аксар маврид сабабу шароити мусоидаткунанда ба чунин падидаҳои номатлуб хусусияти якхела дошта, бештар ба муносибатҳои оилавӣ, мушкилот дар ҳаёти шахсӣ, ҷанҷол, ҷудошавӣ, ишқи бебарор, бевафоӣ, фавти шахси наздиктарин, танҳоӣ, беаҳмиятии атрофиён, овоза дар бораи ҳаёти шахсӣ, нобаробариҳо дар кор ва таҳдиди аз даст додани маблағи пулӣ, бемориҳои вазнин, худмаҳкумкунӣ барои рафтори нодуруст, тарси муҷозот шудан, худкушӣ барои ҳимояи номуси худ ва ғайраҳо алоқаманд мебошанд, ки шахсони синну соли гуногун пойбанди ҳисси ноумедӣ шуда, худро аз ҳаёт маҳрум мекунанд.

Албатта амалинамоии чорабиниҳои саривақтӣ ба мисли тарғиби тарзи ҳаёти солим, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ташкил ва баргузории чорабиниҳои ҳуқуқӣ метавонанд дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мусоидат ва солимии ҷомеаро таъмин намоянд.
Ҳамчунин дар кори семинар сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода дар мавзуи “ Пешгирии ҳолатҳои худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ дар байни занон”, раиси уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода дар мавзӯи “Пойдории оила ва нигоҳ доштани ҳурмати тарафайн байни зану шавҳар ва оқибатҳои худкушӣ аз нигоҳи дини мубини ислом” маърӯза намуда, аҳли нишастро баҳри пешгирӣ аз ин пададиҳои номатлуб даъват карданд.
Инчунин дар семинар маърузаи роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд Ҳабиба Ҳамидова дар мавзӯи “Муаррифии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои таъбиз” шунида шуд, ки дар он ба мафҳуми табъиз, ваколати мақомоти ваколатдор, тартиби қабули аризаву шикоятҳо, саҳми мақомоти иҷроия ва маҳаллӣ дар таъмини иҷроиши талаботи Қонуни мазкур, инчунин оиди ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи он аҳамияти хосса дода шуд.
Ҳар як баромадкунанда вобаста ба мавзуъ мавқеъи мақомот ва соҳаи фаъолияти худро шарҳ дода, бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар маҳалла, деҳа ва ҷамоатҳоро зарур шумориданд.
Бо қабули қарорҳои дахлдор ва масъалагузорӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта семинар ҷамъбаст гардид.
Инчунин, дар ҳамин сана ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссия оид ба ҳуқуқи кудаки вилояти Суғд, ки аз ҷониби муовини раиси вилояти – Ҷуразода Ҷ. ҳамоҳангсозӣ карда шуд, ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур низ роҳбари Намояндагӣ бо маъруза дар мавзуи «Фаъолияти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак» баромад намуда, раисони комиссии маҳаллиро бо фаъолияти худ дар ин раванд аз наздик шинос кард.
Дар қисми чамъбастии ҳарду чорабинӣ суолу ҷавобҳо баргузор гардида, ҳозирин ба суолҳои худ аз ҷониби роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд ҷавобҳои дахлдор гирифтанд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ








