Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Сафири Фавқулода ва

Мухтори Подшоҳии Мутаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шаҳри Душанбе хонум Кэтрин Смиттон.

Санаи 15 августи соли 2025 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 августи соли 2025, №30664 (31-5), Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Мутаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шаҳри Душанбе хонум Кэтрин Смиттон ва ҳайати мушовирони Британияи Кабир оид ба боздоштшудагон Нейҷл Лейтон ва Ҷейсон Хенкок мулоқоти судманд анҷом доданд. Дар ҷарраёни вохӯрӣ зимни муҳокимаи масъалаҳо ҳамчунин кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шират доштанд.

Мақсад аз вохӯрии мазкур муҳокимаи масъалаи марбути ҳифзи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот оид ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон роҳандозишударо ҳамчун иқдомоти саривақтӣ ва самарабахш муҳим арзёбӣ карда, изҳор намуд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ намудани ин тадбирҳо барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва дар ин ҷода пайваста талош ва саҳм гузоштани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ, Умед Бобозода доир ба самтҳои афзалиятноки стратегии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, оид ба Стратегия миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 маълумоти муфассал дод.

Бо мақсади таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан ҳифзи ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ҷонибҳо дар бораи фаъолияти Гурӯҳи мониторингӣ, ки соли 2014 дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун механизми мустақили пешгирикунандаи ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҳисоби кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, – аъзои “Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон” таъсис дода шудааст, суханрониҳо намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида, ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Мутаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати доир намудани ҳамкориҳо барои солҳои минбаъда дар самтҳои мухталифи ҳуқуқи инсон омодагии худро баён намуд.

Дар фарҷоми мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Мутаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шаҳри Душанбе хонум Кэтрин Смиттон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор