Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Имрӯз, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба муносибати Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Ҳабибуллозода Р. оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ – фарорасии соли нави аҷдодӣ шодбош гуфтанд.

Қайд гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун арҷгузорандаи асили падидаҳои беназири милии тоҷикон, ташаббускори асосии мақоми байналмилалӣ гирифтани иди Наврӯз мебошад. Гузашта аз ин, дар кишвар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (аз 21.07.10, №611) рӯзҳои 21 - 24 март Рӯзи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз муқаррар гардида аст.    

Дар мизи мудаввар Сангов Т. – сармутахассиси Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Наврӯз падидаи беназири тамаддуни инсонӣ ва мояи ифтихору ҳуввияти миллии тоҷикон» маърӯза намуд.  Дар маърӯза аз таърихи пайдоиш, доира ва сатҳи гиромидошт, махсусиятҳо ва дигар вижагиҳои иди Наврӯз маълумот дода шуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Наврӯз дар рӯзгори муосир вобаста бо моҳият ва ҳикмати худ аз ҳудуди давлатҳои гуногун гузашта, тадриҷан, мардумони то ҳанӯз аз гавҳари Наврӯз бархурдорнашударо фаро мегирад, ки хушбахтона, ин падида ботадриҷ дар ҳоли инкишофи назаррас мебошад.

Падидаи Наврӯз ба ҷаҳони тамаддунҳои нав ҳамчун ҷузъи тамадуни миллати тоҷик ворид мегардад.

Дар маърӯза инчунин, тазакур дода шуд, ки саъйу талошҳои пайгиронаю мақсадноки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷодаи ба тасвиб расидани қарори таърихии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба эътироф намудани 21 март, ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз»,  нақши асосӣ ва муассир доштани ӯро собит намудаанд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Ҳабибуллозода Р. бори дигар ҳозиринро ба муносибати таҷлили иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, зикр сохт, ки эҳтиром ва арҷгузори намудан ба чунин як падидаи маънавии муқаддаси миллӣ  ин вазифаи ҳар як фарди бономуси меҳан аст. 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор