Ширкати Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар
марафони нақлиётӣ оид ба пешбурди Конвенсияи СММ дар
бораи ҳуқуқҳои маъюбон дар вилояти Суғд соли 2025
Аз санаи 19 то 21 августи соли 2025 Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд марафони нақлиёитиро оид ба пешбурди қонвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон дар вилояти Суғд ҳамроҳӣ намуд.

Барои ширкат дар марафони мазкур намояндагони МИҲД-и шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон ва ноҳияи Мастчоҳ, инчунин намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд ва ҳамагон бо маърузаҳои мухталиф баромад намуданд.
Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо маъруза дар мавзуи «Фаъолияти Ваколатдор оид ба хуқуқи инсон тибқи иҷроиши Нақшаи миллии амалҳо оиди омодагии ба тасвибрасонии Консенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон дар Тоҷикистон» баромад намуда, ба суолҳои ҳозирин ҷавобҳои мухталиф дод.








