Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон.
Санаи 25 августи соли 2025 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2025, №2288 (29-62), Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парватӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни вохури ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан масоили мутобиқатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж, тақвияти ҳамкориҳо дар самти Шарҳи Универсалии Даврӣ (марҳилаи сеюм) ва дигар масъалаҳои марбут ба онҳо табодули афкор намуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар хусуси дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ибрози назар намуда, қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон пайваста қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид Кавилмадам Рамасвами Парватӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд, ки давом додани ҳамкориҳои судманд мувофиқи мақсад буда, баҳри амалӣ ва риоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ иқдоми зарурӣ ва қобилӣ дастгирӣ мебошад.

Дар фарҷоми мулоқот Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид Кавилмадам Рамасвами Парватӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ








