
Дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №32/10-7947 аз 15 феврали соли 2023 ва иҷроиши банди 112-и Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2025 ҷиҳати шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” санаи 21 ва 22 августи соли 2025 дар ноҳияҳои Кушонинён ва Муминободи вилояти Хатлон бо мақсади баргузор намудани чорабинии иттилоотӣ, аз ҷониби Икрамова Зилола – муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва сармутахассиси ҳамин шуъба Нозимзода Баҳриддин сафари хизматӣ анҷом дода шуд.

Чорабинии мазкур бо иштироки муовинони Раисони ноҳия, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сохторҳои кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаи маориф, кормандони раёсати молия, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ходимони дин, фаъолони ҷамъиятӣ зиёда аз 80 нафар, инчунин бо ҷалби намояндаи телевизиони Ҷаҳоннамо дар минтақаи Хатлон, баргузор гардид.
Бо мақсади барпо намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти талаботи бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” аз ҷониби кормандони шуъба, фаъолияти мақомот вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон оид ба масъалаҳои баробарӣ аз назар гузаронида шуда, ҷиҳати дар муҳлатҳои пешбининамудаи қонун пешниҳод намудани ҳисоботҳо, баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар маҳал, ташкили ҳособоти махсус дар самти табъиз, тавсияҳо дода шуд.
Ҳамзамон, дар анҷоми чорабинӣ муовинони Раиси ноҳияҳои Кушониён ва Муминободи вилояти Хатлон, ба роҳбарияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доир намудани чунин ҳамоиши мутақобилан судманд миннатдорӣ ва омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ








