Омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсони” ноҳияи Рашт ҷанбаҳои асосии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсонро омӯхтанд
Дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №565 аз 30 декабри соли 2021 тасдиқ шудааст ҷиҳати муаррифии фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи навгониҳои қонунгузорӣ, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва омӯзиши методикаи таълими ҳуқуқи инсон рӯзҳои 1-2 октябри соли 2025 барои омӯзгорони фанни «Ҳуқуқи инсон»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рашт семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар семинар масъулони шуъбаи маориф ва 24 нафар омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рашт иштирок намуданд, ки 3 нафарашон зан буданд.
Дар доираи барномаи семинари омӯзишӣ оид ба мавзуъҳои Нақши механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон; Шарҳи баъзе масъалаҳои адлияи ноболиғон, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва амалияи татбиқи адолати судӣ дар ин самт; Буллинг ҳамчун яке аз шаклҳои зӯроварӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ва шарҳи баъзе масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба хонандагон, аз ҷумла духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Методикаи таълими фанни “Ҳуқуқи инсон” машғулиятҳо гузаронида шуд.
Барои иштирокчиёни семинари омӯзишӣ кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулият гузарониданд.
Семинари мазкур натанҳо як барномаи омӯзишӣ балки сармоягузорӣ ба оянда мебошад. Зеро, омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон” тавассути иштирок дар чунин чорабиниҳо донишу малакаашонро такмил дода, дар навбати худ барои тарбияи насли наврас онро истифода мебаранд.
Барои иштирокчиён иқтибос аз Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, буклети “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар”, шакли электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии асосии соҳаи ҳуқуқи инсон ва маводҳои дарсӣ дастрас карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон бо мусоидати Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе ба роҳ монда шудааст.
Хадамоти матбуоти ВҲИ








